ТОҶИКИСТОН ВА БОР ҲАМКОРИҲОРО ДАР СОҲАИ ОБУ ЭНЕРГЕТИКА ГУСТАРИШ МЕДИҲАНД

6-уми апрели соли 2026, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори Дафтари бахши кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, захираҳои табиӣ ва рушди деҳоти Бонки Осиёии Рушд Ҷиангфенг Жанг (Jiangfeng Zhang) мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла идоракунии самаранок ва устувори захираҳои об, истифодаи оқилонаи имкониятҳои гидроэнергетикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи идоракунии самаранокии захираҳои оби обанбори «Баҳри Тоҷик» равона гардида, ҷонибҳо аҳамияти стратегии онро дар таъмини амнияти обию энергетикии кишвар ва минтақа таъкид намуданд.

Дар ин замина, зарурати ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ, такмили низоми мониторинг ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об махсус қайд карда шуд.

Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди иқтидорҳои соҳавӣ низ баррасӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаҳои афзалиятнок изҳор намуданд.