Бо камоли хушнудӣ эълон менамоем, ки қабули дархостҳо барои иштирок дар Таҷрибаомӯзии кӯтоҳмуддат дар доираи
💧 «Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон» ки бо дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо амали мешавад оғоз гардид!
📌 Маълумот оид ба таҷрибаомӯзӣ:
🗓 Муҳлат: аз 4 то 19-уми майи соли 2026 (тасдиқшаванда)
📍 Ҷойҳои гузаронидан:
- Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ
- Агенти беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ
- Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ»
- Тоҷикгипроводхоз (Душанбе)
- ҶДММ «Кансалтинг Инҷинеринг Сервисез Лтд.» (Душанбе)
- Раёсати беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Душанбе (Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ)
- Раёсати обёрӣ ва беҳдошти замини минтақаи Ҳисор (Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав)
- АИО-и шаҳри Ҳисор (Ҳисор)
🎯 Агар шумо:
✔ донишҷӯи курсҳои 1–5 ДАТ, факултаҳои гидромелиоративӣ ва идораи замин ва обёрӣ ҳастед
(барои курсҳои болоӣ ва духтарон афзалият дода мешавад)
✔ дар Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Ваҳдат ё Рӯдакӣ истиқомат мекунед
✔ хоҳиши такмили дониш ва малакаҳои худро дар соҳаи идоракунии захираҳои об доред
👉 Пас ин имконият барои шумост!
⚠️ Ҷойҳо маҳдуданд, ҳамагӣ 20 нафар!
📩 Дархостҳо танҳо тавассути шакли онлайни қабул карда мешаванд
Ссылка барои дархост https://forms.gle/hf1Vtme8uQHTbqr19
⏳ Муҳлати охирин: то 20 апрели соли 2026
📞 Барои маълумоти иловагӣ:
+992 901 21 91 06
💙 Имкониятро аз даст надиҳед — қадами аввал ба сӯи касби муваффақи шумо!












