10-уми апрели соли соли 2026, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд.
Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисобот оид натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар ин давра ироа гардид.
Дар идома аз ҷониби роҳбарияти Вазорат, ки ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва вусъат додани корҳои ободонӣ ба муносибаи ин ҷашни миллӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.













