10-уми апрели соли 2026, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ-молиявии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар семоҳаи якуми соли 2026 иштирок намуд.
Дар ҷаласа роҳбарияти ҷамъият, филиалҳои он ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст ҳисоботҳои муфассали масъулон шунида шуд.
Сипас, фаъолияти дастгоҳи марказии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва филиалҳои он мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд.
Вазир ба масъулон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла кам намудани талафоти неруи барқ, бартарафсозии изофанависӣ, боло бурдани масъулиятшиносии кормандон, боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, бақайдгирии пурраи муштариён, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

























