13-уми апрели соли 2026, Душанбе. – Таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Вазорат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Ҳайати мушовара, кормандони Вазорат, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ ширкат доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст ҳисоботи Шарифа Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар семоҳаи якуми соли 2026 шунида шуд.
Дар идома ахбороти роҳбари корхонаю муассисаҳои соҳа ироа гардида, фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сипас, нақша ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2026 муайян карда шуданд.
Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимагашта қабул гардиданд.
✅@mewrtj
































