МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН

‎‎🇹🇯🇰🇿22-юми апрели соли 2026, Остона. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ RES-2026 бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Аккенженов мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи электроэнергетика, таҳкими робитаҳои соҳавӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи энергетикиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот, инчунин масъалаи воридоту содироти неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ва мавсими серобӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо ба идомаи ҳамоҳангсозии корҳо дар ин самт изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои энергетикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон метавонад ба таҳкими амнияти энергетикии минтақа ва тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ мусоидат намояд.
Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши бештари муносибатҳо ва рушди робитаҳои дарозмуддат дар энергетика изҳор доштанд.