Дар доираи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон 21-24-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар самти ҷорӣ намудани низомҳои муосири иттилоотии идоракунӣ дар соҳаи энергетика баргузор гардид.
Дар семинар намояндагони сохторҳои калидии соҳа, аз ҷумла Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии назорати давлатии энергетикӣ, ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо ҷалби мутахассисони ширкати байналмилалии Best Run Solutions сурат гирифт.
Дар ҷараёни омӯзиш иштирокчиён бо таҷриба ва роҳҳалҳои пешрафта дар самтҳои зерин шинос шуданд:
• низомҳои ERP ва роҳҳалҳои соҳавии SAP (аз ҷумла SAP IS-U);
• платформаҳои таҳлилӣ ва таҳлили тиҷоратӣ;
• роҳҳалҳои мобилӣ ва автоматикунонии равандҳои саҳроӣ;
• ҳамгироӣ бо низомҳои баҳисобгирӣ ва диспетчерӣ (SCADA, АСКУЭ).
Таваҷҷуҳи махсус ба ҷорӣ намудани роҳҳалҳои мукаммали рақамӣ равона гардид, ки шаффофияти маълумот, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, коҳиши талафоти тиҷоратӣ ва техникӣ, инчунин беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагонро таъмин менамоянд.
Баргузории семинар қадами муҳим дар татбиқи ташаббуси миллӣ — «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия барои солҳои 2025–2030» буда, ба рушди устувори бахши энергетикии кишвар мусоидат менамояд.













