‎ВОХӮРИИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ОБУ ЭНЕРГЕТИКАИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

🇹🇯🇺🇿🇰🇬🇰🇿 25-уми апрели соли 2026, Бишкек. – Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти обу энергетикии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуд.

‎Дар вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо ва муносибатҳои минтақавӣ дар самти обу энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

‎Зимни чорабинӣ баромади видеоии
‎вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа нашр карда шуд.

‎Дар суханронии худ ӯ ба аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои созанда миёни кишварҳои минтақа, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштарак барои рушди устувор таъкид намуд.

‎Иштирокчиёни ҷаласа зикр карданд, ки ҳамкориҳои муназзам дар бахшҳои обу энергетика барои таъмини суботи иқтисодӣ, амнияти энергетикӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии кишварҳои минтақа аҳамияти калидӣ доранд.