ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ ҶАҲОНӢ ОИД БА КОРХОНАҲОИ ДАВЛАТӢ

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар Конфронси ҷаҳонӣ оид ба корхонаҳои давлатӣ (State-Owned Enterprises Global Conference), ки аз 27-ум то 30-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад, иштирок дорад.

Конфронси мазкур ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти корхонаҳои давлатӣ хизмат намуда, намояндагони кишварҳои гуногунро гирди ҳам овардааст.

Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои марбут ба тамоюлҳои ҷаҳонии ислоҳоти корхонаҳои давлатӣ, таҷрибаи Ҷумҳурии Корея дар татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамзамон, дар ҳошияи конфронс боздид аз як қатор корхонаҳои давлатии интихобшуда низ ба нақша гирифта шудааст, ки барои иштирокчиён имконияти шиносоии амалӣ бо таҷрибаи пешқадам, низоми идоракунӣ ва фаъолияти муассирро фароҳам меорад.