МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО ТОБИАС ГОТТҲАРДТ

🇹🇯🇩🇪 1-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа муовини вазири иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи Баварияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон Тобиас Готтҳардтро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат ҳолати кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири энергетика ва захираҳои об доир ба иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия маълумоти муфассал манзур намуд.

Мусоҳибон, инчунин масъалаҳои ҷалби сармоя, татбиқи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳаи энергетика ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обро муҳокима намуданд.

Омодагии ҷониби олмонӣ барои тақвияти ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва ҷалби ширкатҳои пешрафтаи олмонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об изҳор гардид.