30-юми апрели соли 2026, шаҳри Левакант. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз иншооти муҳими гидротехникӣ, аз ҷумла саргаҳҳои каналҳои магистралии Вахш ва Шӯробод, инчунин иншооти обпарто боздид ба амал овард.
Зимни шиносоӣ бо вазъи иншоотҳо иттилоъ дода шуд, ки канали магистралии Вахш, ки дорои аҳамияти калони обёрӣ ва энергетикӣ мебошад, соли 1964 мавриди истифода қарор гирифтааст.
Айни замон тавассути ин канал беш аз 99 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун бо об таъмин гардида, ҳамзамон фаъолияти мунтазами неругоҳҳои барқи обии «Шаршара» ва «Марказӣ» таъмин карда мешавад.
Бо дарназардошти фаъолияти тӯлонӣ ва фарсуда гардидани таҷҳизоти гидротехникӣ, аз соли 2025 иншоотҳои мазкур ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд.
Қобили зикр аст, ки корҳои таҷдид дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон» аз ҷониби Маркази идоракунии лоиҳа оид ба идоракунии захираҳои обии водии Фарғона амалӣ карда мешаванд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ба ҳолати 30-юми апрели соли 2026 зиёда аз 80 фоизи корҳои пешбинишуда иҷро гардидааст.
✅@mewrtj
























