‎ВАЗИР АЗ САРБАНДИ ИНШООТИ ОБГИРИИ ДЕҲҚОНОБОД ДИДАН КАРД

‎30-юми апрели соли 2026, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо ҳолати сарбанди иншооти обгирии Деҳқонобод, ки дар дарёи Панҷ ҷойгир аст, шинос шуд.

‎Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки сарбанди мазкур соли 1949 бунёд гардида, дар марҳилаи аввал аз се дарвозаи обгирӣ иборат буд. Бо назардошти афзоиши талабот ба обёрии заминҳои кишоварзӣ, соли 1972 иншоот таҷдид шуда, ду дарвозаи иловагӣ ба истифода дода шудааст.

‎Айни ҳол иншоот дорои имконияти танзим ва гузаронидани то 120 метри мукааб об дар як сония буда, дар таъмини обёрии 40 419 гектар заминҳои кишоварзии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва қисман ноҳияи Восеъ нақши калидӣ мебозад.

‎Вазири энергетика ва захираҳои об зимни боздид таъкид намуд, ки нигоҳдории дуруст ва таҷдиди саривақтии чунин иншооти муҳими гидротехникӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи самараноки захираҳои об аҳамияти хоса дорад.

‎Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҷиҳати таҷдиди ҳамаҷонибаи иншоот ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба роҳ монда шуда, татбиқи лоиҳаҳои муосир барои баланд бардоштани самаранокӣ ва эътимоднокии фаъолияти он идома дорад.

‎✅@mewrtj