ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР

1-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор зери роҳбарии Мэтю Гертнер вохӯрӣ намуд.

Зимни муколама ҷонибҳо вобаста ба раванди ислоҳоти соҳаи энергетикаи кишвар, роҳҳои беҳтар намудани вазъи молиявии корхонаҳои энергетикӣ, ҷалби сармоя, бунёди иқтидорҳои нав аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва воридоти маҳсулоти нафтӣ табодули афкор намуданд.