БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА КОНФЕДЕРАТСИЯИ ШВЕЙТСАРИЯ

🇹🇯🇨🇭1-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳайати Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масоили иқтисодӣ (SECO) ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC)-ро таҳти роҳбарии Петро Лаззери ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария дар бахшҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасии қарор гирифт.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори энергетикӣ, инчунин истифодаи самараноки захираҳои обӣ равона гардид.