Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳое, ки наздикони худро дар натиҷаи офати табиӣ — омадани сел дар шаҳри Кӯлоб аз даст додаанд, изҳори ҳамдардии амиқ баён менамояд.
Қобили зикр аст, ки ин офати табиӣ дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои шиддати паст зарар расонд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шариф Маҳмадзода ба минтақаи зарардида сафарбар гардид.
Айни замон, аз ҷониби сохторҳои энергетикии минтақаи Кӯлоб корҳои барқарорсозӣ бо суръати баланд идома дошта, аксари нуқсонҳои ба вуҷудомада бартараф карда шудаанд.
Мутахассисон барои ҳарчи зудтар ба ҳолати муқаррарӣ баргардонидани таъминоти неруи барқ чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.












