БАРҚТАЪМИНКУНӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДАИ ШАҲРИ КӮЛОБ ПУРРА БАРҚАРОР ГАРДИД

Дар натиҷаи офати табиӣ, ки шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайваст, дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои шиддати паст низ зарар расонд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, сохторҳои энергетикии минтақаи Кӯлоб фавран ба корҳои барқарорсозӣ сафарбар карда шуданд.

Мутахассисону кормандони соҳа бо истифода аз тамоми имкониятҳои техникӣ ва захираҳои мавҷуда, шабонарӯзӣ фаъолият бурда, хатҳои зарардидаро таъмиру барқарор намуданд.

Айни замон, барқтаъминкунӣ дар ҳамаи минтақаҳои осебдидаи шаҳри Кӯлоб пурра барқарор гардида, аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқ таъмин мебошанд.