МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО САФИРИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

🇹🇯🇪🇺7-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски мулоқот анҷом дод.

Нахуст, вазир меҳмононро ба муносибати Рӯзи Иттиҳоди Аврупо самимона табрик гуфта, аз сатҳи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, махсусан татбиқи лоиҳаҳо дар ин самт, қарор гирифт.

Ҳамчунин, ҷонибҳо атрофи густариши ҳамкориҳо дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим табодули назар намуда, оид ба имкониятҳои ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир барои рушди соҳаи захираҳои об андешаронӣ карданд.

Дар идома ҷиҳати иштироки ҳайати васеи намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» даъват ба амал оварда шуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.