7-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро зери рҳбарии Самеҳ Ваҳба, директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба рушди устувор дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ба ҳузур пазируфт.
Мусоҳибон масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таҳкими инфрасохтори соҳа ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии захираҳои обро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҷдид ва навсозии инфрасохтори обрасонӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об ва татбиқи низомҳои муосири рақамикунонӣ зоҳир гардид.
Дар ин замина, ҷонибҳо аҳамияти рушди ҳамкориҳоро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид намуданд.
Ҳамчунин, вазир аз ҳайати Бонки Умумиҷаҳонӣ барои иштироки фаъол дар кори Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» даъват ба амал оварда, саҳми шарикони байналмилалиро дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об муҳим арзёбӣ кард.














