Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа якҷо бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо роҳбари ширкати «Dayu New Energy Limited» Давид Лиу мулоқот анҷом доданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи технологияҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тарафҳо аз имкониятҳои васеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши энергетикаи «сабз» ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо, табодули таҷриба ва омӯзиши имкониятҳои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергетика изҳор намуданд.












