ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ҲАМКОРИҲОРО ДАР РУШДИ ЭНЕРГЕТИКАИ «САБЗ» ГУСТАРИШ МЕДИҲАНД

Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 11 май дар шаҳри Пекин баргузор гардид, як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ вобаста ба ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Guangdong Construction Engineering Group Co., Ltd.» оид ба рушд ва сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергияи таҷдидшаванда дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Ҳадафи асосии ин санад густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикаи «сабз», истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи энергетикаи кишвар мебошад.

Ҳамчунин, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Watchman Group PTE Ltd.» оид ба омӯзиш ва баррасии имконияти бунёди неругоҳҳои бодӣ дар ҳудуди вилояти Суғд ба имзо расонида шуд.

Ин иқдом барои рушди энергетикаи барқароршаванда, диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ ва татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаи энергетика заминаи мусоид фароҳам хоҳад оавард.