МУЛОҚОТ БО ШИРКАТИ GUANGDONG GROUP

19-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳайати ширкати «Guangdong Construction Engineering Group Co., Ltd.»-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар меҳвари суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди энергетика, бахусус татбиқи лоиҳаҳои энергияи таҷдидшаванда дар Тоҷикистон қарор гирифт.