ОРМОНИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДОШТАНИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ БУД

(Ба ифтихори оврдани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад)

Ягона орзуи Шириншоҳ Шоҳтемур доштани давлати миллӣ буд. Ӯ бо вуҷуди ҷавониаш барои амалӣ намудани ин ормон дар баробари дигар фарзандони сарсупурдаи миллат, аз қабили Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Чинор Имомов ва дигарон дар солҳои 20-уми қарни гузашта тамоми неру ва донишу малакаи худро сарф кард. Дарвоқеъ, дар он солҳои тақдирсоз ва ҳассосе, ки нисбат ба миллати тоҷик ноадолатиҳои зиёде раво медиданд, бунёди давлати миллӣ кори саҳлу сода набуд. Аз таърихи халқи тоҷик дар он замон бармеояд, ки ҳукумронҳои давр ва як зумра шахсони ғаразнок мехостанд миллати тоҷикро, ки дар Осиёи Миёна тамаддун ва фарҳанги аз ҳама бою ғанӣ дошт нодида гиранд.

Тавре Шириншоҳ Шоҳтемур дар маҷлиси Бюрои ташкилӣ аз 2 октябри соли 1924 иброз доштааст: «Пантуркистҳо исбот карданӣ мешаванд, ки дар Осиёи Миёна ғайр аз Кӯҳистони Бадахшон тоҷикон вуҷуд надоранд. Пай бурдан мумкин, онҳо ҳиммат карда танҳо вилояти мухтор барпо карданианд. Фарзандони тоҷикро ба дигар миллатҳо мансуб медонанд. Дар шароите, ки пантуркизм ҳукмфармо аст, масъалаи миллиро ҳал кардан ниҳоят душвор, илова бар ин мутаассифона, қисми равшанфикрони тоҷик ба чанголи ин вабои мудҳиш афтидаанд, сару ҳисобашонро гум кардаанд. Тақдири тоҷиконро набояд як гурӯҳ одамони оҷиз ҳал кунанд, тоҷикон мардуми муқимии ин сарзаминанд. Онҳо ҳуқуқ доранд, ҷумҳурии мустақили худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем».

Ин воқеаҳои таърихиву замониро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ ёдовар шуда, иброз доштанд: «Дар чунин даврони пуртазод сиёсатмадори фидоӣ Шириншоҳ Шоҳтемур барои дифои манфиатҳои миллии мардум иқдоми ҷавонмардонаро анҷом додааст. Маҳз ӯ ва ҳамсафонаш бар зидди ин ақидаҳои иғвогарона баромада, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ далерона ҳимоя кардаанд».

МО ҶУМҲУРИИ МУСТАҚИЛ ШУДЕМ!
Ниҳоят, соли 1929 орзуи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавриди ташкили Ҷумҳурии мустақили Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид. Ва ин фарзанди баруманд дар назди миллат рисолати таърихии хешро анҷом дод. Ш. Шоҳтемур қарори Бюрои Сиёсии КМ ВКП(б) ва Президиуми КИМ-и Иттиҳоди Шӯравиро ҷиҳати аз Ӯзбекистон ҷудо кардани Тоҷикистон ва бо ҳуқуқи ҷумҳурии комилҳуқуқи мустақили иттифоқӣ ба ҳайати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дохил шудани онро бо рӯҳбаландии бузург истиқбол кард. Он рӯзҳо барои равшанфикрон ва мардуми одии тоҷик иду ормонӣ буд: иди пирӯзӣ, иди орзую омоли ҳазорсолаи миллат.

Дар ин рӯзҳои фараҳ Ш. Шоҳтемур ба Мастибек Раҷаббеков, ходими ҷамъиятию сиёсӣ ва ҳуқуқшиноси варзида, дар шаҳри Душанбе гуфтааст: «Соли 999 давлати мустақили тоҷикони Сомонӣ ба дасти бодиянишинон аз байн рафт. Ва имрӯз, пас аз 930 сол ба муқовимати душманонаи авлодони он бодиянишинон нигоҳ накарда, бо кумаки Кумитаи Марказии ВКП(б) адолати таърихӣ барқарор мешавад ва дар Ватани худ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро бино мекунем. Ин ормони ман, ормони Нусратулло, Чинор ва дигар бародаронам буд. Сад шукр, ки орзуи мо ҷомаи амал пӯшид ва аз бандагии бегонагон наҷот ёфтем».

Ба расидани қарори КМ ВКП(б) дар бораи Тоҷикистон ҷумҳурии мустақили Шӯравии Сотсиалистӣ ба Душанбе Шириншоҳ Шоҳтемур фавран ба котибони якуми кумитаҳои ҳизбии ҳамаи округҳо мактуб навишта, таваҷҷуҳи онҳоро ба умдатарин ва мубрамтарин масъалаҳо гузарондани ин маъракаи сиёсии барои тоҷикон аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, ҷалб менамояд.

Шоҳтемур дар мактубҳояш таваҷҷуҳи робарони ҳизбиро ба ҳалли умдаи рушди такомули иқтисодиёт ва сиёсати ҳизб дар ҷиҳати деҳқонони миёнаҳол, мураттаб намудани муносибати муҳоҷироне, ки ба водии Вахш ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ омада буданд, ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи миллатҳои камшумори туркманҳо, арабҳо, яҳудиҳо, кирғизҳо ва ӯзбекҳои сокини Тоҷикистон ҷалб менамояд.

Аз ин мактубҳо бармеояд, ки Шириншоҳ Шоҳтемур новобаста аз ҷавон буданаш дараҷаи ниҳоят баланди сатҳи сиёсӣ, ташкилочигӣ идеявӣ ва инсондӯстона доштааст.

Беҳтарин фарзандони халқ соли 1929 ба Анҷумани фавқулодаи Шӯроҳои Ҷумҳурии автономии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҷамъ омаданд ва ин анҷуман ормон ва иродаи халқро ифода карда, барои бунёди Ҷумҳурии мустақили Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва мустақиман ба ҳайати ИҶШС шомил шудани он изҳори андеша намуд.

Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС дар қарори худ аз 12 июли соли 1929 халқро ба орзуяш расонд. Округи Хуҷанд ба ҶШС Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Ба ҳайати Тоҷикистон ворид шудани вилояти бостонии Хуҷанд, ки дорои марказҳои саноатӣ буд, муждае барои халқи тоҷик ба шумор мерафт.

Маҳз ҳамин хидмати мондагори Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ ва дигар меҳанпарастони замон буд, ки баъд аз 70 сол, яъне соли 1991 бо фароҳам омадани шароити мусоиди таърихӣ миллати тоҷик ба истиқлоли комили сиёсӣ муваффақ шуд ва ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти сиёсии комилҳуқуқи байналмилалӣ таъсис ёфт.

АЗ 90 – СОЛАГӢ ТО 110-СОЛАГИИ ШИРИНШОҲ
Барои навиштани матлаб дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон – Шириншоҳ Шоҳтемур рӯ овардам ба матбуоти замони шӯравӣ. Аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (8 декабри соли 1989) мақолаеро пайдо кардам, ки ба ифтихори 90-солагии ходими барҷастаи сиёсӣ Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷониби Мискин Бозичаев, лектори кумитаи ҳизбии вилояти Кӯҳистони Бадахшон, зери унвони «Фарзанди сарсупурдаи халқ» навишта шуда буд. Матлаб доир ба ҳаёту фаъолият ва ҷонисориҳои ин абармарди таърихӣ қисса мекард.

Хотимаи матлаб таваҷҷуҳамро бештар ҷалб намуд, зеро муаллиф аз сӯзи дил чунин нигошта буд: «Имсол халқи тоҷик 90-умин солгарди Шириншоҳ Шоҳтемурро таҷлил менамояд. Аммо садҳо афсус ва ҳазорҳо ҳасрат, ки имрӯз ҳатто дар пойтахти тоҷикон ба номи ин фарзанди содиқи миллат на кӯчаву на районе ҳаст. Ҳатто садрнишинон лоиқ надонистанд, ки зодрӯзи Шириншоҳ Шоҳтемур дар тамоми ҷумҳурӣ истиқбол гардад, ба поси хотири ӯ ҷаласаи бошукӯҳе дар пойтахтамон – шаҳри Душанбе доир гардад. Охир, номи Шириншоҳ Шоҳтемур рамзи ваҳдати миллати мост. Ӯ дар ҳамин роҳ қурбон шуд».

Баъд аз расидани насими истиқлолият ва сулҳу суботи комил дар кишвари ваҳдатшиори мо номи нафароне, ки дар таърихи миллати тоҷик барои бунёди давлати миллӣ ҷонисорӣ кардаанд дубора зинда гардид. Аз ҷумла, исми Шириншоҳ Шоҳтемур. Ҳамагӣ пас аз як соли ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур дар ташкил ва ташаккули давлатдории тоҷикон бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардид.

Сипас, соли 2006 барои хизматҳои бузургаш дар поягузории Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.

Барои абадӣ гардондани номи неку кори шоистааш яке аз хиёбонҳои зебои шаҳри Душанбе ва Хоруғ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва мактаби зодгоҳаш номи Шириншоҳ Шоҳтемурро гирифтаанд.

Бахшида ба 110-солагии ин фарзанди баруманди халқ бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе маҷлиси ботантане баргузор шуд.

Имрӯз Шириншоҳ Шоҳтемур дар яке аз муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – асъори миллӣ (се сомона) дарҷ гардидааст.

Яке аз тадбири муҳими дигар ҷой додани рӯзгору фаъолияти ибратомӯзи Ш. Шоҳтемур дар қатори дигар бузургони миллат дар китоби гаронарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» мебошад.

Муҷиби ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист, ки миллат соҳиби давлати озоду соҳибистиқлол аст ва имсол мардуми шарифаш 35-солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегиранд. Тавре Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» навиштаанд: «Имрӯз дар Ватани азизамон орзуву ниятҳои неки Шириншоҳ Шоҳтемур ва даҳҳо родмардони миллатдӯсту меҳанпараст, аз қабили ормону ҳадафҳои наҷиби давлатдории миллӣ – соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва рамзҳои давлатӣ, бузургдошти фарҳанги миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд ва шуда истодаанд».

Воқеан, кору пайкори фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла Шириншоҳ Шоҳтемур барои мардуми кишвар ва, хусусан, мо – насли ҷавон намунаи ибрат аст. Ҳарчанд, Шириншоҳ дар айёми 38-солагӣ қурбони дассисабозиҳои замонаш шуда бошад ҳам, аммо талошу ҷонфидоиҳояш номи ӯро абадан дар таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои зарҳалин сабт намуд.

*****
ДИДОРИ ВОПАСИН Ё ОРМОНҲОИ НОТАМОМИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

Зодгоҳ. Бо хондану шунидани ин калима беихтиёр пеши назар модару падар, апаву хоҳар, акаву додар, дӯстони даврони бачагӣ, хешу табор, муҳит ва ҳамон кулбае, ки ба дунё омадаӣ ҳувайдо мешаванд. Муҳаббати ин фазо аз хотираи кас зудуда нахоҳад шуд. Воқеан, зодгоҳ барои ҳар нафар азизу муқаддас буда, дӯст доштани Ватан низ аз дӯст доштани зодгоҳ оғоз мешавад. Ва барҳақ, шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ гуфтааст:
Ватан cap мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар…

Қалби Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур низ пайваста барои зодгоҳ – Ватан ҷӯш мезад. Зеро, дар замони ҷӯшу хурӯши наврасӣ волидонаш дунёи фониро тарк карданд. Ва, хусусан, дар айёми кӯдакӣ аз даст додани падару модар барои ҳар нафар дарди ҷонкоҳест. Ба қавле аз хоки Ватан гӯри падару модар дар дили Шоҳтемур монда буд. Ҳамин буд, ки вай тамоми неруву тавон ва донишу малакаи худро барои якпорчагии Ватанаш сарф карду ба он муваффақ гашт…

Раиси КИМ Тоҷикистон Ш. Шоҳтемур бори охир аз зодгоҳи худ як сол қабл аз ба қатл расонданаш дидан намуд. Ва ин барои ӯ дидори вопасин бо зодгоҳ, хешу пайвандон ва ёру дӯстон шуд.

«АНА МАН БОРИ ДИГАР ШАҲМАРД ШУДАМ»
Аввалҳои моҳи ноябри соли 1936 Ш. Шоҳтемур ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намудааст. Дар бораи ташрифи ӯ, пешвозгирию вохӯриҳо Қурбон Аламшоев, муҳаққиқ, аз забони шоҳиди воқеа, Муаллими Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафармамад Амдинов чунин ёдоварӣ менамояд: «Тирамоҳи соли 1936 маро дар қатори якчанд рафиқони дигар ба кумитаи ҳизбии вилоят даъват карда, фаҳмонданд, ки раиси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Шоҳтемур бо роҳи Ӯш ба вилоят меояд ва мо бояд вайро бо ҳамсафаронаш дар ноҳияи Мурғоб истиқбол гирем. Мо гурӯҳи санъаткорони машҳури вилоят: Қурбоншо Ноёбшоев, Мамадёқуб Мамадюсуфов, Нусайрӣ Одинаев ва дигарҳоро ҳамроҳ гирифта, мошинсавор ба маркази ноҳияи Мурғоб расидем. Меҳмонони муътабарро бо савту суруд пешвоз гирифтем. Дар марғзори лаби дарё митинги ботантанаи серодам баргузор шуд. Санъаткорони вилоят барои мардуми ҷамъомада консерти калон нишон доданд. Кормандони савдо, ки ҳамроҳи раиси ҷумҳурӣ бо мошинҳои пурборашон омада буданд, ба ҷамъомадагон молҳои гуногуни саноатӣ пешкаш карданд. Одамон барои эҳтиёҷоташон матоъ, пойафзол, чойнику пиёла ва дигар чизҳои зарурӣ харидорӣ карданд.

Баъд аз як рӯз ҳамроҳи Ш. Шоҳтемур ба маркази вилоят шаҳри Хоруғ бозгаштем. Дар ин ҷо маросими тантанаи пешвозгирии раиси ҷумҳурӣ баргузор шуд. Бо иштироки ӯ дар майдонак идгоҳи ҷамоати Поршинев намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии қишлоқ, намунаҳои техникаи заминкоркунӣ, ҳосили зироатҳо баргузор шуд. Ба фикрам, Майдонак ягон вақт чунин одами бисёрро надида буд. Аз тамоми ноҳияҳои вилоят одамон ба мулоқоти Шириншоҳ омада буданд.

Шириншоҳ аз болои мошини боркаш, ки онро ба минбари муваққатӣ табдил дода буданд, баромад карда, ба пешравиҳои меҳнаткашони кӯҳистони Бадахшон дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунару санъат ва маориф баҳои баланд дод. Айни замон, диққати ҳозирон, аз ҷумла роҳбарони вилоятро ба чунин нукта нигаронд, ки бо дастовардҳо хотирҷамъ нашуда, имконияту воситаҳои дохилӣ баҳри ривоҷу равнақи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мардум пурсамар ба кор дароварда шаванд.

Баъд аз он, ки Шоҳтемур суханашро ба поён расонд, якчанд нафар одамони муътабари ҷамоати Поршинев: Меҳроб Беҳронов (он вақт раиси ҷамъияти матлубот буд), Алихон Насимов, Мирзобек Бодуров, Лутфалӣ Насиллобеков, Ҳокимбек Юсуфбеков аз номи мардуми Бадахшон барояш туҳфаи хотиравӣ – чакмани сап сафеди пашмин такдим карданд.

Вай ба ҳозирон барои ҳурматашон изҳори миннатдорӣ карда, бо шӯхи илова намуд: «Ана ман бори дигар шаҳмард шудам».

Дар ҳақиқат ҳам аз рӯи урфу одати мардуми кӯҳистон чунин чакмани сафедро дар рӯзи тӯи домодӣ ба шаҳмард мепӯшонанд».

ҚАДАМҶОЙИ ШОҲТЕМУР
Имрӯз дар деҳаи Тишори Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон хонае, ки дар он Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ба дунё омада буд, ба хона-музей табдил дода шудааст.
Тавре Давлатбегим Саломатшоева, набераи бародари Шириншоҳ – Бобошоҳ, ки директори хона-музей мебошад, дар суҳбати телефонӣ гуфт, Шириншоҳ то 12-солагӣ, яъне то соли 1911 дар хонаи падарӣ зиста, баъдан барои таҳсил ба мактаби русии шаҳри Хоруғ меравад. Соли 1937 авлоди Шириншоҳро ба шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон бадарға мекунанд. Пас аз сафед шудани Шириншоҳ Шоҳтемур бародараш Бобошоҳ хонаи падариро то соли вафоташ 1984 нигаҳбонӣ мекунад.

Бо қарори Бюрои Кумитаи ҳизби коммунистии ВМКБ бахшида ба 90 – солагии Шириншоҳ Шоҳтемур декабри соли 1989 бо бунёди чанд утоқи дигар онро ба хона-музей табдил медиҳанд.

– Вақте ки хона-музейро ба истифода доданд, ман 13-сола будам. Ва дар хотир дорам, ки дар кушодашавии он шахсиятҳои бонуфзи кишвар – котиби КМ ҲК Тоҷикистон А. Додобоев, вакилони халқи ИҶШС С. Бекназаров ва Муъмин Қаноат, академик Б. Искандаров, докторони илмҳои таърих Ш. Султонов, Р. Масов, С. Вишневский, собиқадорони ҳизбу меҳнат Р. Юсуфбеков, А. Бобоев, М. Зоҳиров, Л. Қармишев, И. Ҳаёев, Г. Ҷавов, С. Амдинов, котиби якуми кумитаи ҳизби коммунистии шаҳри Хоруғ Қ. Қоимдодов ва меҳмонон аз вилоятҳои Кӯлоб, собиқ Ленинобод, Қӯрғонтеппа ва шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок доштанд, – иброз дошт Давлатбегим Саломатшоева.

Ороиши хона-музей ба муйқалами рассомон Саодатқадам Маҳбатқадамов ва Қаҳрамон Зардодхонов тааллуқ дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар он 570 нигора, аз ҷумла расмҳо, нусхаи дастхатҳои Ш. Шоҳтемур нигоҳ дошта мешавад. Ягона чизе, ки аз Шоҳтемур боқӣ мондааст сачоқаш мебошад. Онро писараш Шириншоҳи хурдӣ овардааст.
Ба ифтихори Ҷашни 120 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур хона – музей аз таъмир бароварда шудааст.

Тиллои Неқадам, рӯзноманигор, дар суҳбат бо мо таассуроташро аз хона-музейи Шириншоҳ Шоҳтемур чунин баён намуд: «Вақте вориди хонаи хурдакак шудам, боварам наомад, ки дар он тифле ба дунё омада, ки дар таъсиси давлати тоҷикон дар ҳайати Иттифоқи Шӯравӣ саҳм гузоштааст. Хона дар ҳамон шакле, ки сохта шуда буд нигоҳ дошта шудааст. Ва, танҳо дар шафати он чанд ҳуҷраи дигар, ки соли 1989 барои бунёди хона-музей сохта шуда буд, ҷойгир аст. Вақте вориди он мегардед аввалин чизе, ки таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб мекунад расми калони Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Шириншоҳ дар мизи корӣ бо як салобат нишастааст».

Маҳмуд МИРЗОЁН, корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон