25-уми майи соли 2026, Душанбе. — Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» вохӯрии сеҷонибаи роҳбарони мақомоти хоҷагии оби ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев ва вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои сеҷониба дар самти идоракунии захираҳои об, истифодаи самаранок ва устувори обанборҳо, инчунин таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи обу энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар натиҷаи музокирот Протоколи сеҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба мувофиқаи реҷаи кори обанбори «Баҳри Тоҷик» барои моҳҳои июн-августи соли 2026 ва ҳамкориҳои обию энергетикӣ ба имзо расонида шуд.





















