ҶАЛАСА ОИД БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ

‎22-юми майи соли 2026 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва муаррифии мазмун ва моҳияти Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҷаласа доир гардид.
‎Дар кори он, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимҷон Абдуллозода ва корманди дастгоҳи марказӣ ширкат доштанд.
‎Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои кишвар дар даҳ соли охир матраҳ шуда, дурнамои рушд ва барномаи амал барои солҳои оянда муайян гардид.
‎Дар идомаи ҷаласа мазмуну муҳтавои Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он барои солҳои 2026–2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2026, таҳти №73 тасдиқ гардидааст, ба самъи иштирокчиён расонида шуд.