МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БАТР

‎26-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе (Кохи Сомон). – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба сиёсат ва шарикӣ Марк Бауман вохӯрӣ анҷом дод.
‎Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, махсусан татбиқи лоиҳаҳои «Таҷдиди НБО Қайроққум» ва «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон», мавриди баррасӣ қарор доданд.
‎Ҳамсуҳбатон омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар доираи лоиҳаҳои мавҷуда ва ташаббусҳои нав иброз намуданд.