25-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Нишасти минтақавии тадорукотии Осиё ва Уқёнуси Ором барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 иштирок ва суханронӣ намуд.
Чорабинӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором ташкил гардид.
Вазири энергетика ва захираҳои об зимни суханронии худ иштирокчиёнро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, ба шарикони байналмилалӣ барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар ташкили ин ҳамоиши муҳим изҳори сипос намуд.
Таъкид гардид, ки нишасти мазкур дар шароите баргузор мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор – таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва санитария, то соли 2030 бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошад. Зикр шуд, ки тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, камбуди об, ифлосшавӣ ва афзоиши талабот ба захираҳои обӣ фишорро ба ҷомеаҳо, иқтисодиёт ва экосистемаҳо бештар менамояд.
– Минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки беш аз нисфи аҳолии ҷаҳонро дар бар мегирад, аз минтақаҳои осебпазиртарин дар баробари тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиии вобаста ба об ба ҳисоб меравад, – илова кард Далер Ҷумъа.
Вазир баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026-ро имконияти муҳим барои суръат бахшидан ба амалҳои глобалӣ дар соҳаи об ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷаласаи омодагии минтақавии имрӯза барои инъикоси афзалиятҳо, таҷриба ва роҳҳалҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар раванди омодагӣ ба Конфронси мазкур саҳми муҳим хоҳад гузошт.
Дар кори ҷаласа беш аз 100 иштирокчӣ аз минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ва берун аз он ширкат варзиданд.




























