26-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи мавзуии «Об барои сайёра – аз пиряхҳо ва манбаъҳо то баҳр: таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи экосистемаҳо ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об» иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ вазир меҳмонон ва иштирокчиёни Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки барои Тоҷикистон масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Зеро Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, то 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбанд. Дар ин замина, пиряхҳо, дарёҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ на танҳо барои рушди устувори Тоҷикистон, балки барои амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва муҳити зисти тамоми минтақа нақши муҳим доранд.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки барои муқовимат ба мушкилоти марбут ба обу иқлим зарурати татбиқи низоми ҳамгироёнаи идоракунии захираҳои об ба миён омадааст. Дар ин робита ҳамоҳангсозии бахшҳои об, энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар сатҳҳои миллӣ ва фаромарзӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Вазири энергетика ва захираҳои об, инчунин ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ оид ба мониторинги пиряхҳо, густариши маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои кӯҳистонӣ ва болооб, рушди низомҳои огоҳсозии бармаҳал, барқарорсозии экосистемаҳои ҳавзаҳои дарё ва тақвияти ҳамкориҳои фарогир даъват намуд.
Дар анҷоми суханронӣ Далер Ҷумъа таъкид кард, ки ҳифзи пиряхҳо маънои ҳифзи ояндаро дорад ва сармоягузорӣ ба соҳаи об – сармоягузорӣ ба башарият мебошад.























