26-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе (Кохи Сомон). – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетика ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ёсир ибни Иброҳим Ҳумайдан мулоқот намуд.
Миёни ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманди Тоҷикистон ва Шоҳибарии Баҳрай дар самти обу энергетика табодули афкор сурат гирифт.
Изҳори итминон гардид, ки дар оянда низ ҳамкориҳои кишварҳо дар бахшҳои об ва энергетика тақвият меёбад.














