🇹🇯🇮🇷26-уми майи соли 2026, Душанбе. – Ҳамраисони Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон – вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар бахшҳои энергетика, тиҷорат, саноат, илму техника ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар асоси дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои муштарак асос ёфтааст.
Вобаста ба вазъи Ховари Миёна гуфта шуд, ки мушкилоти бавуҷудомада танҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ ва музокирот метавонанд ҳаллу фасл гарданд. Аз ин лиҳоз, бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз идомаи талошҳои сиёсӣ ва муколамаи созанда дар роҳи ҳалли осоиштаи ин ва дигар низоъҳо таъкид гардид.












