ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ДОИР ГАРДИД

‎🇹🇯🇮🇷26-уми майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти раёсати ҳамраисони комиссия – вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ баргузор гардид.

‎Дар кори ҷаласа масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, захираҳои об, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, илм ва технология, инчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

‎Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии роҳбарони олии ду давлат муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Эрон имрӯз ба сатҳи сифатан нави рушд расидаанд.

‎Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз шарикони муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар дар солҳои охир тамоюли рӯ ба рушд доранд. Аз ҷумла, дар се моҳи аввали соли 2026 гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар 119,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9 миллион доллар ё 8 фоиз афзоиш ёфтааст.

‎Таъкид карда шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи навбатии комиссия барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманд, фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати татбиқи тарҳҳои нави муштарак ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамзабон мусоидат хоҳад кард.

‎Дар фароварди ҷаласа ҳамраисони комиссия Протоколи ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ба имзо расониданд.