🇹🇯🇵🇰 26-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири федералии тағйирёбии иқлим ва ҳамоҳангсозии муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мусадиқ Малик баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои обу иқлим, ҳифзи муҳити зист, рушди энергетикаи сабз ва пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, мусоҳибон вобаста ба Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқ «CASA-1000» табодули афкор намуданд.














