МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ОБИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАНЗАНИЯ

‎🇹🇯🇹🇿27-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе (Кохи Сомон). – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири оби Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания Ҷумаа Ҳамиду Авесо баргузор гардид.

‎Зимни мулоқот Далер Ҷумъа ба ҳайати Танзания барои иштироки фаъолона дар Конфронси мазкур изҳори сипос намуда, саҳми кишвари мазкурро дар Форуми Африқо, ки дар доираи Конфронс баргузор гардид, муҳим арзёбӣ кард.

‎Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об, ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.

‎Ҳамчунин, вазири энергетика ва захираҳои об аз ислоҳоти васеъмиқёси кишвар дар бахши об, аз ҷумла татбиқи Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ёдовар шуда, таъкид намуд, ки стратегия ба идоракунии устувори захираҳои об, рақамикунонии бахш, коҳиши талафоти об, навсозии инфрасохтори гидротехникӣ, рушди низомҳои мониторинг ва васеъ намудани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ равона гардидааст.

Вазирон, ҳамзамон ‎вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ изҳори омодагӣ карданд.