🇹🇯🇨🇳27-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа муовини вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Баоэнро ба ҳузур пазируфт.
Дар меҳвари суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти идоракунии устувори захираҳои об, татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ, мубодилаи таҷриба, таҳкими иқтидори кадрӣ ва рушди ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои соҳавии ду кишвар қарор гирифтанд.
Дар рафти муколама ҷонибҳ аз рушди робитаҳои дӯстона ва шарикии стратегии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, омодагии худро баён карданд.


















