🇹🇯🇺🇳27-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо директори Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкориҳои Ҷануб-Ҷануб (UNOSSC) хонум Дима Ал-Хатиб вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти идоракунии устувори захираҳои об мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина, доир ба натиҷаҳои Форуми «Тақвияти иқдомот дар соҳаи об тавассути ҳамкории Ҷануб – Ҷануб ва ҳамкории сеҷониба», ки дар доираи конфронси мазкур баргузор гардид, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки чунин платформаҳо барои тақвияти шарикӣ, табодули таҷриба ва ҷалби иқтидорҳои кишварҳои рӯ ба рушд дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим аҳамияти муҳим доранд.














