🇹🇯🇨🇭27-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафир, муовини директори Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Кристиан Фрутигер баргузор гардид.
Вазир ба ҷониби Швейтсария барои иштироки фаъолона дар кори конфронс изҳори сипос намуда, саҳми Агентиро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об муҳим арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки ҳамраисии ҷониби Швейтсария дар ҷаласаи мавзуии «Об барои одамон», ки ба таҳкими идоракунии фарогир ва устувори захираҳои об, беҳтар намудани дастрасӣ ба об ва беҳдошт, инчунин рушди равишҳои инсонмеҳвар дар бахши об бахшида шудааст, аҳаммияти хос дорад.
Ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистон дастгирии пайвастаи Швейтсарияро аз Раванди оби Душанбе баланд арзёбӣ намуда, зикр кард, ки Швейтсария ҳамчун узви Кумитаи байналмилалии машваратӣ дар таҳкими муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва пешбурди роҳҳалҳои амалӣ вобаста ба масъалаҳои обу иқлим саҳми назаррас мегузорад.














