28-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбарияти ширкати «Wangneng Environment»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот анҷом доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро вобаста ба татбиқи лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби партовҳоро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи чунин лоиҳа ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ, коҳиши ҳаҷми партовҳои маишӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир мусоидат намуда, ҳамзамон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ замина фароҳам меовард.
Дар фаровард ҳамсуҳбатон омодагии худро ҷиҳати идомаи муколама барои татбиқи лоиҳаи муштарак изҳор намуданд.


















