МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ОБИ ТОҶИКИСТОНУ ЛИБИЯ

🇹🇯🇱🇾29-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа вазири захираҳои оби Давлати Либия Ҳуснӣ Муҳаммад Авайдон, ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.

‎‎Дар ҷараёни муколама натиҷаҳои конфронс мавриди баррасӣ қарор гирифт.

‎‎Вазири энергетика ва захираҳои об ба ҳайати Либия барои иштироки фаъолона дар Конфронси мазкур изҳори сипос намуда, саҳми кишвари мазкурро дар Форуми Африқо, ки дар доираи Конфронс баргузор гардид, муҳим арзёбӣ кард.

‎‎Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об, ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.

‎‎Ҳамзамон, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ изҳори ҳавасмандӣ зоҳир шуд.