МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО ХОНУМ СЕВАЛ ГУЗЕЛКИЛИНК

‎‎29-уми майи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари Намояндагии минтақавии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Осиёи Марказӣ хонум Севал Гузелкилинк мулоқот анҷом дод.

‎Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории башардӯстона, таҳкими устувории ҷомеаҳо, рушди соҳаи обрасонӣ ва санитария мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

‎Вазир таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ аҳамияти махсус медиҳад.

‎Ҷонибҳо иброз доштанд, ки масъалаҳои вобаста ба об на танҳо ҷанбаи экологӣ ва инфрасохторӣ дошта, балки барои рушди устувор, тандурустии аҳолӣ, амнияти озуқаворӣ, суботи иҷтимоӣ ва пешгирии хавфҳои башардӯстона аҳамияти калидӣ доранд.

‎Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ ислоҳоти васеъмиқёсро дар бахши об амалӣ намуда, Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария барои солҳои 2025-2029 қабул гардидааст.

‎‎Дар ин замина, фаъолияти Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар самти беҳтар намудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, бахусус дар минтақаҳои дурдасту кӯҳистон, баланд арзёбӣ гашт.