КОМИССИЯИ МУШТАРАКИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТӢ, ИҚТИСОДӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН ДОИР ШУД

‎🇹🇯🇵🇰2-3-юми июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати ҳамраисони Комиссия – Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ, вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб сурат гирифит.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардида, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф, бонкдорӣ, илму технология, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш, нақлиёт ва коммуникатсия мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Покистон бо иродаи сиёсии роҳбарияти олии кишварҳо дар солҳои охир тамоюли мусбати рушд дошта, барои густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ имкониятҳои назаррас мавҷуд мебошанд.

Зикр гашт, ки дар соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 43 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, дар моҳҳои январ-марти соли 2026 ба маблағи 8,9 миллион доллари ИМА баробар гардид.

Ҷонибҳо зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ муҳим арзёбӣ намуда, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушди савдои мутақобила, диверсификатсияи номгӯи молҳои содиротию воридотӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳамкории мустақим байни доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ҳар ду кишвар такид карданд.

Ҳамзамон, аҳамияти муҳими лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA -1000» барои рушди ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи энергетика махсусан, зикр гардид.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки татбиқи қарорҳои қабулшуда барои таҳкими бештари муносибатҳои дӯстона ва шарикии мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар фароварди ҷаласа аз ҷониби ҳамраисон Протоколи Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расонда шуд.