‎МУЛОҚОТИ ҲАМРАИСОНИ КОМИССИЯИ МУШТАРАКИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН

‎🇹🇯🇵🇰 3 июни соли 2026, Душанбе. – Ҳамраисони Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон – вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот анҷом доданд.

‎Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо раванди иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда ва масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштарак воридгардидаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

‎Таваҷҷуҳи асосӣ ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, тиҷорату иқтисод, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ, аз ҷумла лоиҳаи «CASA-1000» равона гардид.