27-уми майи соли 2026, Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо директори генералии International Water Management Institute (IWMI) Марк Смит мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти идоракунии устувори захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтидори илмӣ ва таълимӣ, инчунин густариши дипломатияи обро баррасӣ намуданд.
Вазир аз сатҳи ҳамкориҳои созанда миёни Вазорат ва IWMI изҳори қаноатмандӣ намуд.
Инчунин, саҳми Blue Peace Central Asia ва IWMI дар пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ махсус таъкид гардид.
Дар вохӯрӣ омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва татбиқи амалии ташаббусҳои байналмилалии соҳаи об низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.















