БАРРАСИИ ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ ПЕШГӮИИ ВОРИДШАВИИ ОБ БА ДАРЁИ ВАХШ
🇹🇯🇯🇵27-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо директори Маркази муҳандисии обуҳавошиносии ширкати «Kansai Electric Power Group»-и Ҷопон Тетсуя Кокубо мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи гидроэнергетика, идоракунии захираҳои об ва татбиқи технологияҳои муосири пешгӯии гидрологиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар меҳвари гуфтугӯ раванди омодасозии «Системаи пешгӯии воридшавии об ба обанбор барои дарёи Вахш» қарор дошт.
Таъкид гардид, ки татбиқи низоми мазкур метавонад барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои обӣ ва беҳтар намудани фаъолияти неругоҳҳои барқи обии ҳавзаи дарёи Вахш саҳми муҳим гузорад.













