3-юми июни соли 2026, Душанбе. – Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВЭЗО ҶТ) дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байналмилалии устувории гидроэнергетика (Hydropower Sustainability Alliance – HSA) Нақшаи рушди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Power System Plan – PSP)-ро барои солҳои 2025-2050 расман муаррифӣ намуданд.
Дар кори чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои марбута, роҳбарияти ҶСК «Помир Энерҷӣ», шарикони рушд ва коршиносон ҳузур доштанд.
Муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода зимни ҷаласа иброз намуд, ки Нақшаи мазкур танҳо як ҳуҷҷати техникӣ набуда, балки дурнамои дарозмуддати мо барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва гузариш ба иқтисоди «сабз» мебошад.
Зикр гашт, ки ин ҳуҷҷат анҷоми бомуваффақияти барномаи васеи сесолаи таҳкими иқтидор дар бахши энергетикаи Тоҷикистонро, ки бо дастгирии молиявии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) амалӣ гардид, таҷассум менамояд.
Дар доираи муаррифӣ натиҷаҳои нодири харитасозии фазоӣ (spatial mapping) пешниҳод гардиданд, ки имкон медиҳанд банақшагирии иқтидорҳои нави энергетикӣ бо дарназардошти стандартҳои қатъии байналмилалии экологӣ ва иҷтимоии устуворӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.
Тибқи барнома, рӯзҳои 4-5-уми июн Гурӯҳи кории байниидоравии HydroSelect ба маҳалли лоиҳавии Неругоҳи барқи обии «Айнӣ» сафари саҳроӣ анҷом медиҳанд.




















