15-уми июни соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини президенти ширкати «PowerChina Group» Чен Гуанфу мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби технологияҳои муосир ва рушди инфрасохтори энергетикии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд. Дар ин замина, ҷонибҳо раванди корҳои то имрӯз анҷомдодашуда, натиҷаҳои марҳилаҳои омодасозии лоиҳа ва дигар ҷузъиёти иқтисодиву техникии вобаста ба татбиқи лоиҳаи мазкурро муҳокима намуданд.

















