ҶАЛАСАИ VI КУМИТАИ РОҲБАРИКУНАНДА «БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ЭНЕРГЕТИКАИ УСТУВОР ДАР ТОҶИКИСТОН» ДОИР ШУД

16-уми июни соли 2026, Душанбе. – Бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ҷаласаи шашуми Кумитаи роҳбарикунанда «Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби консорсиуми «NTU International» дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад баргузор гардид.

Вазир зимни сухани ифтитоҳӣ доир ба аҳамияти идомаи пешбурди ислоҳот дар соҳаи энергетикаи кишварро таъкид кард.

Ҳамчунин, роҳбари бахши ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Изабел Урис Эрнандес ва намояндаи консорсиуми NTU Николай Чавов суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа коршиносони лоиҳа ҳисоботро оид ба рафти татбиқи барнома пешниҳод намуданд, ки натиҷаҳои асосӣ аз оғози амалисозии лоиҳа, ҷамъбасти давраи ҳисоботӣ дар самтҳои ташаккули нархгузории бозорӣ, дастгирии идоракунии бахш, рушди заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақамикунонӣ ва инчунин пешбурди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар бар гирифт.

Самтҳои афзалиятноки фаъолият то анҷоми татбиқи лоиҳа муайян карда шуданд, ки аз ҷумла тасдиқи Кодекси энергетикӣ, ташаккули сохтори бозори миллии энергетика, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, рақамикунонии соҳа, беҳтар намудани вазъи молиявии соҳа ва таҳкими иқтидори корхонаҳои энергетикӣ ва мақоми танзимкунандаро дар бар мегиранд.

Дар натиҷаи муҳокима иштирокчиёни ҷаласа оид ба масъалаҳои калидии ислоҳоти соҳаи энергетика мубодилаи афкор намуда, қадамҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳаро муайян карданд.