ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИШАСТИ МАНСАБДОРОНИ АРШАДИ CAREC-2026

11-уми июни соли 2026, Улан-Батор (Муғулистон). – Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар Нишасти мансабдорони аршади Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC)-2026, ки имрӯз ба кори худ оғоз намуд, иштирок карданд.

Дар доираи нишаст масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ҳамгироии энергетикӣ, рушди инфрасохтор, рақамикунонӣ, густариши робитаҳои нақлиётиву логистикӣ ва пешбурди рӯзномаи рушди «сабз» дар минтақаи CAREC мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни ҷаласаҳои мавзуӣ ва чорабиниҳои канорӣ ҳайати Тоҷикистон мавқеи кишварро оид ба масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ муаррифӣ намуд.

Нишаст давоми ду рӯз (11-12-уми июн) идома ёфта, ба таҳкими ҳамкории кишварҳои иштирокчии CAREC ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки рушди минтақавӣ мусоидат намоянд.