11-уми июни соли 2026, Улан-Батор (Муғулистон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Нишасти мансабдорони аршади Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC)-2026 дар чорабинии канораӣ бахшида ба масъалаҳои энергетика, гузариши «сабз» ва ҳамкории минтақавии энергетикӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ, рушди энергетикаи «сабз» ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи энергетика аҳамияти стратегӣ доранд.
Вазир зикр намуд, ки таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки энергетикаи «сабз» метавонад ба яке аз заминаҳои асосии рушди устувори саноатӣ, инфрасохторӣ ва экологӣ дар минтақаи CAREC табдил ёбад. Дар ин замина гидроэнергетика на танҳо ҳамчун захираи миллии рушд, балки ҳамчун омили муҳими таъмини устувории дарозмуддати энергетикӣ ва коҳиши партовҳои карбон дар минтақа арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки Тоҷикистон рушди инфрасохтори фаромарзии энергетикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла лоиҳаи «CASA-1000»-ро пайваста дастгирӣ менамояд. Ин гуна ташаббусҳо ба таҳкими амнияти энергетикӣ, тавсеаи савдои мутақобилаи неруи барқ ва ташаккули фазои устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, зарурати фаъолсозии муҳокимаҳо дар доираи CAREC ҷиҳати ташаккули бозори минтақавии неруи «сабз» ва рушди долонҳои фаромарзии энергетикӣ таъкид гардид.













