11-уми июни соли 2026, шаҳри Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо сафири навтаъини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Тошканд) Гиртс Яунземс мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва мубодилаи таҷрибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон омодагии худро ҷиҳати идомаи муколама ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда изҳор карданд.















