МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОН ВА МУҒУЛИСТОН

🇹🇯🇲🇳11-уми июни соли 2026, Улан-Батор (Муғулистон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Муғулистон бо вазири энергетикаи ин кишвар Наидалаа Бадрах мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина, масъалаҳои густариши муносибатҳо дар самтҳои рушди энергетикаи барқароршаванда, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва мубодилаи таҷриба муҳокима шуданд.

Вазирон аҳамияти тақвияти ҳамкориҳоро дар доираи Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ, ки моҳи июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, таъкид намуда, омодагии худро барои татбиқи амалии бандҳои он изҳордоштанд.