12-уми июни соли 2026, Улан-Батор (Муғулистон). – Дар доираи сафари корӣ ба Муғулистон ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони воломақоми минтақавии Бонки Осиёии Рушд – директори генералии дафтари Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Леи Гутеррес ва роҳбари минтақавӣ оид ба ҳамкориҳо ва ҳамгироии минтақавӣ Асад Алим мулоқот анҷом доданд.
Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба лоиҳаи «Идоракунии самараноки захираҳои оби обанбори «Баҳри Тоҷик»» қарор гирифт.
Зимни мулоқот Неъматулло Ҳикматуллозода таъкид намуд, ки лоиҳаи мазкур дорои аҳамияти фаромарзӣ ва минтақавӣ буда, ба гурӯҳи «Лоиҳаҳои инфрасохтории мутобиқшаванда ба тағйирёбии иқлим, ки барои зиёда аз як кишвар манфиат меоранд» шомил мебошад.
Қайд гардид, ки дар доираи лоиҳа мустаҳкамсозии садҳои муҳофизатии обанбор барои пешгирии хавфи обхезиҳо, таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва заҳбуру заҳкашҳо, инчунин ҷорӣ намудани низоми муосири рақамии идоракунӣ (SCADA) пешбинӣ шудааст.
Татбиқи лоиҳа барои роҳандозии идоракунии самараноки захираҳои оби обанбори «Баҳри Тоҷик» дар шароити тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти об барои обёрӣ ва афзоиши иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки асосноккунии пешакии техникӣ-иқтисодии лоиҳа бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд таҳия гардидааст.













